
Инфрасохтори абрӣ хароҷоти нигоҳдории таҷҳизотро коҳиш дода, навсозии шабакаҳоро осон мегардонад. Ҳамчунин, он имконияти ҳамгироии содаро бо технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумоти калон ва интернети ашё (IoT) фароҳам меорад.
Дар шароити рушди босуръати рақамигардонӣ, технологияҳои абрӣ ба яке аз унсурҳои асосии рушди соҳаи алоқа ва ташаккули экосистемаҳои рақамӣ табдил меёбанд.
Гузариш ба абр имкониятҳои навро барои инноватсия ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ фароҳам меорад.