Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии почта дар Берн иштирок намуд

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии почта дар Берн иштирок намуд

Рӯзҳои 29–30 апрел дар шаҳри Берн Форуми Иттиҳоди ҷаҳонии почта (UPU) таҳти унвони «Аз тамоюлҳо то дигаргунсозӣ: баррасии дубораи фарзияҳои соҳаи почта» ва ҷаласаи Шӯрои амалиёти почта (Postal Operations Council — POC) баргузор гардид.

Дар ин чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён намояндагӣ намуд.

Дар Форум ва ҷаласаи Шӯро намояндагони қариб ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди ҷаҳонии почта иштирок намуда, масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла вазъи кунунӣ, мушкилот, имкониятҳои рушд ва дурнамои низоми почтаи ҷаҳониро баррасӣ намуданд. Иштирокчиён ба зарурати мутобиқсозии хизматрасониҳои почта ба талаботи иқтисоди рақамӣ, рушди тиҷорати электронӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ таъкид намуданд.

Форуми мазкур ҳамчун платформаи муҳими ҳамоҳангсозии сиёсат ва мубодилаи таҷриба байни кишварҳо арзёбӣ шуда, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи почта мусоидат менамояд.