«Тоҷиктелеком» сарпарасти расмии мусобиқаи бонуфузи “Ҷоми CAFA Nations Cup 2025” гардид

Навид Хабарҳои Хадамот

«Тоҷиктелеком» сарпарасти расмии мусобиқаи бонуфузи “Ҷоми CAFA Nations Cup 2025” гардид

Имрӯз, 22-августи соли 2025 дар бинои маъмурии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маросими расмии ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ баргузор гашта, Оператори пешбари миллии алоқаи Тоҷикистон «Тоҷиктелеком» сарпарастии мусобиқоти бонуфузи байналмилалии футбол “Ҷоми CAFA Nations Cup 2025”-ро бар дӯш гирифт.

Созишномаи мазкур миёни Оператори пешбари миллии алоқаи Тоҷикистон «Тоҷиктелеком» ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба тасвиб расида, онро Ҷамшед Бобоалиев, директори тиҷоратии ширкати «Тоҷиктелеком» ва Улуғбек Каримов – Котиби Генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба имзо расониданд.

Ҷамшед Бобоалиев, директори тиҷоратии ширкати «Тоҷиктелеком» зимни маросими ба имзо расонидани созишнома гуфт, ки “Ҷоми CAFA Nations Cup” як фурсати хеле хуб барои нишон додани хислати миллӣ, муттаҳид намудани мухлисони сершумори футбол ва эъломи тавоноии футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Барои “Тоҷиктелеком” иштирок кардан дар ин чорабинии бонуфузи варзишӣ шарафи бузург буда, ҳадаф аз сарпарастии “Ҷоми CAFA Nations Cup 2025” дастгирии тими миллӣ дар роҳи ба даст овардани пирӯзӣ ва фароҳам овардани фазои ваҳдату ягонагӣ байни ҳазорон-ҳазор мухлисони футбол дар саросари кишвар аст.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии “Ҷоми CAFA Nations Cup 2025” кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба ҳам оварда, дар он 8 даста дар ду гурӯҳ бо ҳамдигар рақобат менамоянд.

Дар гурӯҳи “А” футболбозони Ӯзбекистон мизбон буда, дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Уммон низ дар ҳайъати ин гурӯҳ бозӣ мекунанд.

Дар гурӯҳи «В» Тоҷикистон мизбон интихоб шудааст ва ба ин гурӯҳ футболбозони Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон шомил гашта, бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Тамоми бозиҳои гурӯҳи мазкур дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегарданд.
Тақвими бозиҳо:
29 август – Тоҷикистон-Ҳиндустон
1 сентябр – Афғонистон – Тоҷикистон
4 сентябр – Тоҷикистон -Эрон
8 сентябр – бозӣ барои ҷои 3-юм

“Ҷоми CAFA Nations 2025” як мусобиқаи хеле ҷолиби варзишӣ буда, барои дӯстдорони футбол шомҳои фаромӯшнашавандаи варзиширо ҳадя хоҳад кард. Мухлисони тоҷик дар якҷоягӣ бо “Тоҷиктелеком” имкон пайдо мекунанд, ки ҷузъи ин ҷашнвораи байналмилалии футбол гарданд.