«Вавилон-Т» – 25 сола шуд!
Имрӯз рӯзи бузургу фаромӯшнашаванда аст. Зеро 25 сол пеш маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 11-уми феврали соли 2000-ум ширкати «Вавилон-Т» таъсис ёфт! 🎉 Ин як санаи оддӣ нест, балки марҳалаи муҳимест, ки рамзи солҳои меҳнати суботкорона, дастовардҳо ва саъю кӯшиш ба сӯи такомулу пешравиҳост.
Маҳз 25 сол муқаддам барои ба як ширкати пешқадами телекоммуникатсионии Тоҷикистон табдил ёфтани «Вавилон-Т» асос гузошта шуд. Тай кардани ин роҳ осон набуд, аммо ба шарофати азми қавӣ, ҷасорат ва дурандешии онҳое, ки дар ибтидо дар саргаҳи ташкили чунин як ҷода қарор доштанд, ширкат тавонист ҳама мушкилотро паси сар кунад ва ба қуллаҳои баланд бирасад.
Якҷоя бо шумо муштариёни азиз, мо роҳи тӯлониеро тай кардем ва имрӯз омодаем, ки рушди онро идома диҳем, технологияҳои навро ҷорӣ кунем ва ҳалли беҳтаринро барои бароҳатии шумо пешниҳод кунем.
Ташаккур барои боварӣ ва дастгирӣ! Дар пеш уфуқҳои нав ба нав моро интизоранд ва мо дар оянда низ ҳаматарафа омодаем, ки ба шумо хизматрасониҳои интернетиро бо сифати баланд дастрас намоем.
Ид муборак! «Babilon-T» – сифатро интихоб кунед!
