Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҳузури сарони давлатҳо маросими баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар ин замина, аз ҷониби Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамтои ӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамоҳангсозии тақсимоти басомадҳои радиоӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиои заминии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода мешаванд» ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур тартиб ва шартҳои ҳамоҳангсозии тақсимот ва истифодаи радиобасомадҳоро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ муқаррар намуда, ба пешгирии халалҳои мутақобила, истифодаи самаранок ва оқилонаи спектри радиобасомадҳо, инчунин таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи алоқа мусоидат менамояд.