Рӯзи 23 марти соли 2026 дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 29-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМА) оид ба танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадорҳои моҳвораӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони маъмуриятҳои алоқаи давлатҳои иштирокчии ИМА, инчунин ташкилотҳои нозири Комиссия, аз ҷумла Huawei, Policy Impact Partners ва Access Partnership, иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ карданд.
Дар маркази таваҷҷуҳи ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба омодагии ИМА ба Конфронси умумиҷаҳонии алоқаи радиоӣ дар соли 2027 (ВКР-27), натиҷаҳои асосии ҷаласаҳои мақомоти кории Бахши алоқаи радиоии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ, инчунин ҷараёни муҳокима ва хулосаҳои вохӯрии ғайрирасмии Шӯрои Амнияти СММ вобаста ба хавфҳои истифодаи назоратнашудаи низомҳои моҳвораии пастмадор қарор доштанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои такмили ҳамоҳангсозии байналмилалӣ дар самти истифодаи самараноки спектри радиобасомад, таъмини мутобиқати электромагнитӣ ва рушди устувори инфрасохтори моҳвораиро мавриди баррасӣ қарор доданд.