Қабули дархост ҷиҳати шомилшавӣ ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа, IT ва AI барои сафар ба Чи

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

 

Қабули дархост ҷиҳати шомилшавӣ ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа, IT ва AI барои сафар ба Чи

Ба маълумоти ширкатҳои ватанӣ расонида мешавад, ки қабули дархост барои иштирок дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Чин, ки рӯзҳои 11–12 май баргузор мегардад, оғоз шудааст.

Сафарбарии ҳайати мазкур бо иштироки мақомоти дахлдори давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ, аз қабили ширкатҳои мобилӣ ва провайдерони интернетӣ, бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин муаррифии имконот ва бозори телекоммуникатсионии ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ ташкил карда мешавад.

Барои иштирок ширкатҳое даъват карда мешаванд, ки дар соҳаҳои IT ва AI фаъолият дошта, дорои иқтидори васеи кадрию техникӣ мебошанд.

Дар доираи сафар ба иштирокчиён имконият фароҳам оварда мешавад:

— муаррифии маҳсулот ва хизматрасониҳои худ ба ширкатҳои технологӣ ва сармоягузорони чинӣ;

— барқарор намудани робитаҳои корӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо;

— шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадам ва навовариҳои яке аз бозорҳои бузурги технологӣ;

Қабули дархостҳо то 22 апрел идома меёбад.

📩 Доир ба масъалаҳои иштирок ва гирифтани маълумоти иловагӣ тавассути Direct-и инстаграми Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед: @digital.gov.tj