Meta барои рушди зеҳни сунъӣ сармоягузорӣ мекунад
Ширкати Meta Platforms барои рушди инфрасохтори зеҳни сунъӣ тақрибан $21 млрд сармоягузорӣ намуда, бо CoreWeave созишномаи дарозмуддат ба имзо расонидааст. Созишнома то соли 2032 амал карда, истифодаи захираҳои пуриқтидори ҳисоббарориро барои рушди технологияҳои AI дар бар мегирад.
Дар доираи ин лоиҳа қарор аст, ки технологияҳои пешрафта дар асоси ҳалли муосири NVIDIA истифода шаванд, ки ин ба суръат бахшидани таҳия ва татбиқи маҳсулоту хизматрасониҳои зеҳни сунъӣ мусоидат мекунад.
Ин сармоягузорӣ нишон медиҳад, ки талабот ба инфрасохтори рақамӣ ва ҳисоббарории баландсуръат босуръат меафзояд ва ширкатҳои пешсаф барои нигоҳ доштани рақобатпазирӣ ба ин самт диққати махсус медиҳанд.
Рушди инфрасохтори AI ба яке аз самтҳои асосии пешрафти технологияҳои ҷаҳонӣ табдил меёбад.