Насби пойгоҳи нави базавии “Вавилон-Мобайл” дар шаҳри Гулистон

Навид Хабарҳои расмӣ

Насби пойгоҳи нави базавии “Вавилон-Мобайл” дар шаҳри Гулистон

Ширкати “Вавилон-Мобайл” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар минтақаи истироҳатии “Фирӯза-Палаза” пойгоҳи нави базавиро ба истифода дод.

Ин пойгоҳи нави базавӣ имкон медиҳад, ки муштариён дар минтақаи истироҳатии “Фирӯза-Палаза” ва маҳалҳои атроф бо алоқаи босифат ва интернети баландсуръат таъмин бошанд.

Дар маҷмӯъ, танҳо дар моҳи ноябр, дар минтақаҳои гуногуни кишвар 36 истгоҳи нави базавии стандарти 4G LTE насб карда шуд.

Инчунин, 4 пойгоҳи базавӣ дар шаҳри Душанбе барои беҳтар намудани пӯшиши шабака ба маконҳои муносибтар кӯчонида шуд.