Оғози мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони соҳаи алоқа

Навид Хабарҳои Хадамот

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони соҳаи алоқа

Имрӯз дар Варзишгоҳ марказии шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ байни дастаҳои сохторҳои соҳаи алоқа расман оғоз гардиданд. Маросими ифтитоҳии чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он Сардори Хадамот Исфандиёри Саъдулло ширкат ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба таҳкими рӯҳияи ҳамкорӣ, боло бурдани фаъолнокии ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни кормандони соҳа мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ин иқдом ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа, ки ҳамасола 7 май таҷлил мегардад, инчунин 25-уми май, Рӯзи байналмилалии футбол, роҳандозӣ шудааст.

Дар доираи мусобиқаҳо кормандони сохторҳои гуногуни соҳаи алоқа имконият доранд, то дар фазои рақобати солим маҳорати варзишии худро нишон диҳанд. Барномаи мусобиқа намудҳои гуногуни варзишро дар бар мегирад, аз ҷумла футболи хурд миёни мардон, волейбол миёни занон, тениси рӯи миз, инчунин бозиҳои зеҳнӣ — шашка ва шоҳмот.

Ташкилкунандагон зикр намуданд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо ба рушди варзиши оммавӣ, балки ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ байни кормандони соҳа низ таъсири мусбат мерасонанд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаҳои варзишӣ аз 21 апрел оғоз гардида, то 6 май идома хоҳанд ёфт. Дар ин муддат дастаҳо барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва нишон додани сатҳи омодагии худ мубориза хоҳанд бурд.

Интизор меравад, ки мусобиқаҳо дар фазои дӯстӣ ва рақобати одилона баргузор гардида, саҳми арзандае дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани обрӯи варзиш дар байни кормандони соҳаи алоқа гузоранд.