
Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои шаҳрҳо бештар мешавад
Сокинон ва меҳмонони шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон акнун метавонанд ҳангоми сайру гашт бе истифодаи трафики мобилӣ паём ирсол намоянд, аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой диҳанд ё видео тамошо кунанд. Дар як қатор боғҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ шабакаи Green Wi-Fi, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” роҳандозӣ шудааст, фаъолият мекунад. Лоиҳа тадриҷан васеъ гардида, маконҳои нави фароғатиро фаро мегирад.
Дар шаҳри Душанбе нуқтаҳои дастрасии Wi-Fi дар боғҳои ба номи С. Айнӣ, А. Дониш, Куруши Кабир, А. Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Ҷавонон, инчунин дар толори вуруди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва қисмате аз хиёбони Рӯдакӣ (дар самти боғи Истиқлол) фаъол мебошанд. Дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ низ чунин шабака дар боғҳои марказӣ ва дигар ҷойҳои маъмули истироҳатӣ дастрас аст.
Истифодабарандагон метавонанд аз интернети ройгон барои муддати муайян — то 30 дақиқа — истифода баранд. Барои истифодаи бештар имкони пайваст кардани бастаҳои пулакӣ бо ҳаҷми зарурии трафик пешбинӣ шудааст.
Барои пайваст шудан ба Green Wi-Fi лозим аст:
ба шабака пайваст шавед — саҳифаи бақайдгирӣ худкор кушода мешавад;
усули воридшавиро тавассути SMS интихоб намоед;
рақами телефони худро ворид карда, рамзи тасдиқро қабул намоед;
рамзро ворид намуда, бастаи ройгон (10 ё 30 дақиқа) ё пулакиро интихоб кунед;
барои дастрасии ройгон тамошои як ролики таблиғотӣ талаб карда мешавад.