
Иқтидори интернети моҳвораӣ дар ИМА меафзояд
Иқтидори интернети моҳвораӣ дар ИМА меафзояд
Комиссияи федералии алоқаи ИМА (FCC) имкони сабуктар намудани маҳдудиятҳои истифодаи спектри моҳвораиро баррасӣ дорад, ки аз солҳои 1990 амал мекунанд. Ин иқдом барои дастгирии рушди интернети босуръати насли нав ва беҳтар намудани хизматрасониҳои алоқа равона шудааст.
Интизор меравад, ки тағйироти пешниҳодшуда ба афзоиши иқтидори шабакаҳои моҳвораӣ то 7 маротиба мусоидат намуда, суръати интиқоли маълумотро баланд бардорад ва арзиши хизматрасониҳоро коҳиш диҳад. Ин махсусан барои минтақаҳои дурдаст ва камаҳолӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳамзамон, чунин иқдомҳо рушди рақобатро дар бозори хизматрасониҳои интернетӣ тақвият бахшида, имкониятҳои навро барои истифодабарандагон фароҳам меоранд.