Маросими супоридани мукофоти давлатӣ дар Хадамоти алоқа
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 25-уми август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд. Дар ин маросими бошукӯҳ Муртазозода Аҳлиддин Қарахон, Муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардида буд.
Ҳамчунин, 5-уми сентябри соли равон дар толори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саймуддинов Рустам Ҳусейнович, Муовини Сардори Шабакаи телефонии шаҳри Душанбе мукофоти давлатии Медали “Хизмати шоиста” супорида шуд.
Дар ҷамъомад Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки онҳое бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои гуногун саҳми назаррас ва арзишманд гузоштаанд. Гуфта шуд, ки соҳаи алоқа яке аз муҳимтарин бахшҳо барои ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, кормандони ин соҳаро лозим аст, то бо масъулияти баланд ба кори худ муносибат карда, рушди ин соҳаро таъмин намоянд.