Навид Хабарҳои Хадамот

Мулоқот бо Сафири Ҷопон Хонум Фурута Кейко баргузор гардид

Имрӯз дар бинои Хадамоти алоқа мулоқоти роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонум Фурута Кейко баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои алоқа, хизматрасонии почта, рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба ва технологияҳои пешрафта метавонад ба рушди инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои рақамӣ мусоидат намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки табодули афкорро идома дода, ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷопон аз зумраи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти истеҳсол ва истифодаи технологияҳои рақамӣ ба шумор рафта, таҳкими ҳамкорӣ дар ин замина метавонад ба рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ дар кишвар мусоидати фаъол намояд