Навид Хабарҳои Хадамот

Таҳкими ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU)

Рӯзи 2 март дар ҳошияи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress) дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Дабири кулли ITU хонум Дорин Богдан-Мартин баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори рақамӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби узвияти Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии ITU баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд.