
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввари Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки дар доираи Барномаи вазирони Ассотсиатсияи байналмилалии операторони мобилӣ (GSMA) баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба сиёсатҳои фарогири тақсими спектр, ки ба пайваст намудани аҳолии аз шабакаҳои алоқа берунмонда равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ доир ба густариши фарогирии рақамӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоқа ва нақши сиёсати самараноки идоракунии спектр дар рушди инфрасохтори рақамӣ табодули назар карданд