Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурӣ

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои пазируфтан ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон мекунад:
1. Муовини сардори Раёсати назорат дар соҳаи алоқа;
2. Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус;
3. Мудири бахши Хадамоти алоқа дар вилояти ВМКБ;
4. Сармутахасссиси Раёсати рушди алоқа ва иттилотонӣ – 1 ҷой
5. Сармутахассиси Раёсати назорат дар соҳаи алоқа – 2 ҷой
6. Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ – 1 ҷой
7. Сармутахассиси Раёсати таъмини амнияти иттилоотӣ – 1 ҷой
8. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва маркетинг – 1 ҷой
9. Мутахассиси пешбари Раёсати ҳуқуқ – 2 ҷой
10. Мутахассиси пешбари Раёсати таъмини амнияти иттилоотӣ – 1 ҷой
11. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус –1 ҷой
12. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва маркетинг– 1 ҷой
13. Мутахассиси Раёсати таъмини амнияти иттилоотӣ – 1 ҷой
14. Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро – 1 ҷой
15. Сармутахассиси бахши хадамоти алоқа дар вилояти Хатлон – 2 ҷой
16. Сармутахассиси бахши Хадамоти алоқа дар ВМКБ – 1 ҷой
17. Сармутахассиси бахши Хадамоти алоқа дар вилояти Суғд – 1 ҷой
18. Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти алоқа ВМКБ – 1 ҷой
19. Мутахассиси шуъбаи Хадамоти алоқа дар вилояти Хатлон – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ ва маоши моҳонаи мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказӣ:

1. Категорияи дуюм – муовини сардори Раёсат

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– таҳсилоти олии касбии ба мансаб мувофиқ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– мавҷудияти малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забони давлатӣ ва на кам аз 2 забонӣ хориҷӣ дар сатҳи баланд;
– донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии

байналмилалии​аз​ҷониби​Тоҷикистон​эътирофгардида,​ки​иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
– маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир;
Маоши мансабӣ 8709,70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2. Категорияи сеюм – сардори шуъба

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– доштани на кам аз 4 сол собиқаи хизмати давлатӣё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– доштани таҳсилоти олии касбии ба мансаб мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин намояд;
– доро будани малакаҳои хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забони давлатӣва на кам аз 2 забони хориҷӣдар сатҳи баланд;
– донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
– доштани маҳорати кор бо технологияҳои муосири электронӣ.
Маоши мансабӣ 7128,40 сомониро ташкил дода, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ пардохт карда мешавад.

3. Категорияи чорум – мудири бахш
– доштани таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;
– доштани на кам аз 3 сол собиқаи хизмати давлатӣё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
– доштани малакаи кор бо компютер ва риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
– донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) бартарӣ дорад;
– доро будани малакаҳои хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла қобилияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок ҷиҳати татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– собиқаи корӣ дар соҳаи дахлдор ба инобат гирифта шуда, афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 5953,30 сомониро ташкил дода, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ пардохт карда мешавад.

4. Категорияи панҷум – Сармутахассис
– доштани таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;
– доштани на кам аз 2 сол собиқаи хизмати давлатӣё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
– доштани малакаи кор бо компютер ва риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
– донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) бартарӣ дорад;
– доро будани малакаҳои хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла қобилияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок ҷиҳати татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– собиқаи корӣ дар соҳаи дахлдор ба инобат гирифта шуда, афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 5282,00 сомониро ташкил дода, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ пардохт карда мешавад.

5. Категорияи шашум – мутахассиси пешбар

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– доштани таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои техникӣё дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;
– доштани на кам аз 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон; малакаи кор бо компютер ва риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ; донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;
– доро будани малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла қобилияти ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– собиқаи корӣ дар соҳаи дахлдор ва донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 4309,00 сомониро ташкил дода, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ пардохт карда мешавад.

6. Категорияи ҳафтум – мутахассис

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– доштани таҳсилоти олии касбӣ, ки ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ бошад;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон; малакаи кор бо компютер ва риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ; донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;
– доро будани малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забонҳои хориҷӣ(русӣ, англисӣ) афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 3558,40 сомониро ташкил дода, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ пардохт карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
– ариза ба номи Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 6х4 ва 2 дона акси андозаи 3х4),
– тарҷумаи ҳол,
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот,
– дафтарчаи меҳнатӣ, – нусхаи шиноснома, – шаҳодатномаи ҳарбӣ,
– РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), – Рақами РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ),
– Маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ),
– Маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ,
– Эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад; (объективка).
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъди чопи эълон. Нишонӣ:хиёбони Рӯдакӣ 57, тел: 221-23-20 Суроғаи электронӣ: Е-mail: info@communication.tj