АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ: ҲИФЗИ МУШТАРИЁН АЗ ҚАЛЛОБӢ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Имрӯз шабакаи ҷаҳонии интернет ба яке аз муҳимтарин ва пуриқдитортарин воситаҳои муошират, табодули иттилоот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни инсоният табдил ёфтааст. Интернет имкониятҳои беназир фароҳам меорад, ки ҳар як шахс, новобаста аз масофаҳои ҷуғрофӣ, марзҳои давлатӣ, фарҳанг ва забон, бо ҳам робитаи фаврӣ барқарор карда иттилоотро ба таври зуд мубодила намояд. Бартарии асосии ин шабака дар қобилияти фарогирии аудиторияи васеъ дар саросари ҷаҳон зоҳир мегардад: он дониш, таҷриба, навовариҳо ва ахборро паҳн гардида, заминаи мустаҳками рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро муҳайё месозад.

Дар шароити ҷаҳони рақамии имрӯза, ки технологияҳои иттилоотӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯза, идоракунии давлатӣ, бахши иқтисодӣ ва хидматрасониҳои ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд, амнияти иттилоотӣ аҳаммияти стратегӣ ва ҳатмӣ касб намудааст. Муҳофизати шаҳрвандон, муассисаҳо ва давлат аз таҳдидҳои киберӣ, қаллобиҳои онлайнӣ, ҳамлаҳои хакерӣ ва суиистифода аз маълумотҳои шахсӣ вазифаи муҳимми ҳамаи сохторҳои давлатӣ, бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ ва ҳар як иштирокчии фаъоли ҷомеа ба шумор меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзоиши босуръати хидматрасониҳои рақамӣ (аз ҷумла бонки онлайнӣ, ҳукумати электронӣ, тиҷорати электронӣ ва дигар), зарурати муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ ва пешгирии ҷиноятҳои киберӣ барои нигоҳдории суботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амнияти миллӣ беш аз пеш муҳим мегардад. Бо дастур ва таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо таҳдидҳои киберӣ тадбирҳои зарурӣ мавриди амал қарор дода шуд. Ин масъала басо муҳим арзёбӣ мегардад, зеро ҳифзи инфрасохтори муҳимми иттилоотӣ  ин ҳифзи устувории ҳар як кишвар аст.

Амнияти иттилоотӣ ҳамчун низоми мукаммали чорабиниҳо, сиёсатҳо, стандартҳо ва технологияҳо муайян карда мешавад, ки ба ҳифз ва нигоҳдории маълумотҳо, системаҳои иттилоотӣ, таҷҳизоти техникӣ ва равандҳои марбут ба он равона гардидаанд. Мақсади асосии он таъмини се принсипи калидӣ мебошад:  

  Махфият (Confidentiality) – дастрасии иттилоотро фақат барои шахсони ваколатдор таъмин намудан;

  Тамомият (Integrity) – пешгирии тағйирёбии ғайриқонунии маълумотҳо;

  Дастрасӣ (Availability) – таъмини дастрасии боэътимод ва саривақтӣ ба иттилоот барои корбарони ҳақиқӣ.

Ин принсипҳо (CIA – Confidentiality, Integrity, Availability) асоси стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла стандартҳои ITU ва “ISO/IEC 27001”-ро ташкил медиҳанд.

Амнияти иттилоотӣ пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ, безарар гардонидани таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ (аз ҷумла ҳамлаҳои DDoS, фишинг, ransomware ва дигар), муҳофизат аз тағйирёбӣ, нобудсозӣ ё паҳншавии беиҷозати маълумотҳоро дар бар мегирад. Таъмини он барои фаъолияти устувори сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва шахсӣ, инчунин рушди устувори ҷомеаи рақамии муосир аҳамияти калидӣ дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ бо суръати баланд пеш рафта истодааст, ки амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ин самт ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти фазои иттилоотӣ ва нигоҳдории суботи ҷомеа равона шудааст. Дар шароити муосир таҳдидҳои воқеӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои киберӣ ва амалҳои қаллобӣ дар муҳити онлайн, метавонанд ба ҳуқуқу манфиатҳои миллионҳо истифодабаранда зарари ҷиддӣ расонанд, ки ин зарурати таҳкими тадбирҳои амниятиро боз ҳам бештар менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муайяни санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ташаккул ёфтааст. Қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии амалкунанда масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иттилоот, таъмини амнияти фазои рақамӣ ва танзими муносибатҳои ҳуқуқиро дар ин самт дар бар мегиранд.

  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”;

  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иттилоот”;

  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”;

  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот”;

  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”;

  Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин Барномаи давлатии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки дар доираи ин барнома масъалаҳои муҳим, аз ҷумла муайян намудани субъекти муносибатҳои иттилоотӣ, таъмини аслият ва эътимоднокии маълумот, ҳифзи иттилоот аз таҳдидҳо ва амалҳои ҷинояткорона ба таври мушаххас пешбинӣ гардидаанд.

Ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ на танҳо ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон намудани талаботи амнияти иттилоотӣ муқаррар месозанд, балки уҳдадории корхонаҳо ва ташкилотҳоро ҷиҳати ҷорӣ намудани низомҳои муосири ҳифзи иттилоот низ пешбинӣ мекунанд. Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки хатарҳои қаллобӣ ва дигар таҳдидҳои маъмулӣ барои муштариён дар шароити муосир афзоиш ёфтаанд. Қаллобон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи байналмилалӣ аз усулҳо ва технологияҳои пешрафта истифода мебаранд, то шаҳрвандонро фиреб дода, ба маълумоти шахсӣ ва воситаҳои молиявии онҳо дастрасӣ пайдо намоянд, ки ин зарурати тақвияти чораҳои амнияти иттилоотиро боз ҳам муҳим мегардонад.

Фишинг яке аз маъмултарин намуди қаллобӣ дар фазои рақамӣ маҳсуб меёбад. Дар ин навъи ҳамла қаллобон бо истифода аз усулҳои равонӣ ва техникӣ худро ҳамчун намояндагони бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ё дигар ташкилотҳои боэътимод муаррифӣ ва тавассути паёмакҳо, зангҳои телефонӣ, почтаи электронӣ ё пайвандҳои қалбакӣ кӯшиш мекунанд, ки эътимоди корбаронро ба даст оварда, маълумоти махфӣ, аз қабили рақамҳои кортҳои бонкӣ, логин ва рамзҳои махфиро тасарруф намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон пайваста шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки қаллобон метавонанд худро ҳамчун корманди бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ё операторони алоқаи мобилӣ муаррифӣ кунанд. Дар чунин ҳолатҳо онҳо бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла “блок шудани корт”, “амалиёти шубҳанок” ё “тасдиқи хидматрасонӣ”, корбаронро водор менамоянд, ки рақамҳои корт, муҳлати эътибор, рамзи CVV (рамзи се-рақамии амниятӣ мебошад, ки дар кортҳои бонкӣ барои тасдиқ ва муҳофизати амалиёти онлайнӣ истифода мешавад) ё рамзҳои тасдиқкунанда, ки тариқи SMS-паёмак ирсол карда мешаванд, ошкор созанд. Чунин амалҳо ба амнияти иттилоотӣ ва молиявии шаҳрвандон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд ва метавонанд боиси талафоти молиявӣ ва суиистифодаи маълумоти шахсӣ гарданд. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ҳамлаҳои фишингӣ асосан дар шабакаҳои мессенҷерӣ, мисли Telegram ва WhatsApp, инчунин метавонанд тавассути почтаи электронӣ ё SMS – паёмак низ ба истифодабарандагон паҳн карда шаванд. Қаллобон бо истифода аз ин шабакаҳои муоширатӣ метавонанд бо корбарон тамос гирифта, онҳоро ба ошкор кардани маълумоти шахсӣ ва молиявӣ водор созанд Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати рақамӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар Интернет ва эҳтиёткорӣ ҳангоми муошират бо манбаъҳои номаълум яке аз шартҳои асосии таъмини амнияти иттилоотӣ дар ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.

Амнияти киберӣ яке аз ҷанбаҳои муҳим ва стратегӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мебошад. Он маҷмуи чораҳо ва тадбирҳоест, ки ба ҳифзи маълумот, системаҳои иттилоотӣ ва таҷҳизотҳои техникӣ аз ҳамлаҳои компютерӣ, барномаҳои зараровар (вирусҳо), амалиётҳои хакерӣ равона шудааст. Ин таҳдидҳо метавонанд на танҳо инфрасохторҳои давлатӣ, балки муассисаҳои молиявӣ ва корхонаҳои хусусиро низ осебпазир гардонанд ва ба фаъолияти онҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хатар эҷод кунанд.

Қоидаҳои асосии ҳифзи иттилоот барои истифодабарандагон:

1.  Махфӣ нигоҳ доштани рамзҳо – рамзҳои шахсӣ ва маълумоти ҳассосро ба касе нишон надиҳед ва онҳоро дар дастгоҳҳои номаълум ифшо накунед.

2.  Истифодаи манбаъҳои эътимоднок – танҳо ба сомонаҳо ва барномаҳои расмӣ пайваст шавед ва аз сарчашмаҳои боэътимод боргирӣ намоед.

3.  Парҳез аз пайвандҳои шубҳанок – шахсони ношинос ё паёмҳои таҳқиромез метавонанд барномаҳои зараровар дошта бошанд, ки онҳоро кушодан ва зеркашӣ кардан қатъиян манъ аст.

4.  Бо эҳтиёткорӣ муошират кардан – ҳангоми гирифтани паёмҳо ё зангҳои телефонӣ аз манбаъҳои номаълум ба ҳар гуна талаботи фаврӣ ва мушаххас бо шубҳа нигоҳ кунед.

Риояи ин қоидаҳо сатҳи амнияти иттилоотӣ ва молиявии истифодабарандагонро баланд мебардорад, хатарҳои қаллобӣ ва ҳамлаҳои кибериро кам мекунад ва устувории инфрасохторҳои молиявӣ, давлатӣ ва иҷтимоиро таъмин менамояд. Боло бурдани сатҳи маърифати рақамӣ ва риояи қоидаҳои амниятӣ иттилоотӣ яке аз муҳимтарин омилҳо дар пешгирӣ ва кам кардани хатарҳои киберӣ ба шумор меравад.

Амнияти иттилоотӣ вазифаи на танҳо давлат ё ширкатҳои технологӣ аст, балки ҳар як истифодабаранда низ бояд дониш ва малакаи заруриро дошта бошад, то тавонад миёни маълумоти аслӣ ва қалбакӣ, паёмҳои хатарнок ва иттилооти бехатарро фарқ кунад ва чораҳои муҳофизатиро дуруст истифода барад.

Бахтиёр Нодиров, муовини сардори Раёсати таъмини амнияти иттилоотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон