Омодагии густурда ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баррасӣ шуд

Навид Хабарҳои расмӣ

3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ  доир намуданд.

Машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба истиқболи сазовор аз солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, доир ба рафти иҷрои барномаи омодагиҳо гузориши аъзои Кумитаи тадорукот, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шунида шуд.

Дастуру таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва руҳияи баланди омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ, ҳамчунин ба раванди бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар, такони ҷиддӣ додааст, зеро дар доираи омодагӣ ба он беш аз 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.