Кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба шанбегии умумӣ баромада, дар корҳои ободонию тозагии муҳити атроф фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи ин иқдом, кормандон гирду атрофи бинои маъмурӣ, роҳравҳо ва ҳудуди ҳамшафатро аз партовҳо тоза карда, ба ҷамъоварӣ ва баровардани хошоку алафҳои худрӯй машғул гардиданд. Ҳамзамон, корҳои сабзкорӣ ва нигоҳубини дарахту буттаҳо анҷом дода шуда, муҳити корӣ боз ҳам зебову озода гардонида шуд.
Баргузории чунин шанбегиҳо ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Кормандони Хадамоти алоқа пайваста дар чунин чорабиниҳо иштироки фаъол намуда, дар татбиқи барномаҳои давлатии ободонию кабудизоркунӣ саҳми худро мегузоранд.