МУАРРИФИИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА ДАР НИШАСТИ ШАРИКОНИ РУШД

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

МУАРРИФИИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА ДАР НИШАСТИ ШАРИКОНИ РУШД

Дар доираи нишасти Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба масъалаҳои рақамикунонӣ, ки таҳти роҳбарии Ҳоким Холиқзода, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  муҳтавои Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 муаррифӣ шуд.

Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040-ро муаррифӣ намуда, ҳадафу афзалиятҳои калидии онро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки стратегия ба фарогирии умумии интернети паҳнбанд, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқа, тавсеаи шабакаҳои насли нав ва таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои рақамӣ дар тамоми манотиқи кишвар равона шудааст.

Зикр шуд, ки татбиқи босамари стратегия ҳамчун заминаи калидӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ, густариши ҳукумати электронӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ хизмат хоҳад кард. Дар баробари ин, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ҳамчун омили ҳалкунанда барои суръат бахшидани раванди рақамикунонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ арзёбӣ гардид.

Шарикони рушд аз муаррифии стратегия истиқбол намуда, омодагии худро барои дастгирии амалисозии он ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ изҳор карданд.

Дар кори нишаст ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд. 

Дар анҷоми нишаст ҷонибҳо аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳо, ҷалби захираҳои молиявию техникӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро барои расидан ба ҳадафҳои стратегии соҳа муҳим арзёбӣ намуданд.