Мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

Навид Хабарҳои Хадамот

Мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

25 майи соли ҷорӣ мулоқоти Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ Марк Боуман баргузор гардид.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар ба рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Дар ин замина, Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040 амалӣ гардида, солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шудаанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои рақамӣ ва дурнамои дастгирии ташаббусҳои нави соҳаи алоқаро баррасӣ намуданд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид намуданд.