Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти алоқа
Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуданд.
Дар он роҳбарият ва кормандони Хадамоти алоқа иштирок намуда, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишварро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои рушди соҳаи алоқа, рақамикунонии хизматрасониҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аҳамияти муҳим доранд.
Боиси зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти алоқа супориш доданд, ки Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040-ро таҳия намуда, онро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.
Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ бо интернети баландсуръат ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Аз ҷумла, ба навсозии хатҳои нахи оптикии байнишаҳрӣ ва афзоиши каналҳои байналмилалии алоқа ишора гардид.