ИСТТГОҲҲОИ НАВИ БАЗАВӢ БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ АЛОҚА ВА ИНТЕРНЕТИ БОСИФАТ
Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардида буданд, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои алоқаи мобилӣ, интеренет-провайдерон ва дигар иҷозатномадорони соҳа тадбирҳои дахлдорро амалӣ сохта, аз ҷумла ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ чораҳои мушаххасро татбиқ намуда истодаанд.
Чунин як иқдом дар доираи тадбирҳои андешидашуда, ба кор даровардани истгоҳҳои нави базавӣ аз ҷониби ширкати ZET-MOBILE мебошад, ки қадами навбатӣ дар оғози соли 2026 баҳри дастрасии аҳолӣ ба алоқаи босифат ва интернети баландасуръат ба шумор меравад.
Ба таъкиди масъулини ширкати ZET-MOBILE инак, бо насби истгоҳҳои нави базавӣ, алоқа ва интернет боз ҳам зудтар, устувортар ва дастрас шуда, сифати онҳо ҳам дар кӯча ва ҳам дар дохили биноҳо боз ҳам беҳтар мегардад.
Қобили зикр аст, ки истгоҳҳои нави базавӣ аллакай дар ҳамаи ноҳияҳои сераҳолии шаҳри Душанбе фаъоланд – И.Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур.
Ҳамаи истгоҳҳо дар стандарти 4G фаъол буда, бо басомади 700 МГс фаъолият мекунанд, ки:
• суръати интернетро баланд мебардорад
• иқтидори шабакаро зиёд мекунад
• алоқаи устуворро таъмин менамояд
Барои таҷҳизоти шабака интиқолдиҳандаҳои муосири се-диапазонаи Huawei, силсилаи Giga Green истифода шудааст, ки онҳо сабук, каммасраф ва пуриқтидор мебошанд.
Хадамоти алоқа ва ширкатҳои алоқаи мобилӣ ҷиҳати васеъ намудани минтақаи фарогирии 4G ва 5G дар тамоми қаламрави Тоҷикистон боз ҳам чораандешӣ намуда, дар оянда баҳри то ҳар як сокини кишвар дастрас намудани алоқаи боэътимод ва интернети босуръат талош хоҳанд кард.