Tcell соҳиби ҷоизаи байналмилалии Speedtest Award дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress) 2026 гардид

Навид Хабарҳои Хадамот

Ширкати телекоммуникатсионии Tcell дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ 2026, ки дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания баргузор гардид, соҳиби ҷоизаи байналмилалии Speedtest Award аз ҷониби Ookla гардид.

Ширкат дар номинатсияҳои «Шабакаи босуръаттарини 4G» ва «Устувортарин шабакаи 4G дар Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Ин аллакай соли дуюм пай дар пай аст, ки оператори мобилии Tcell аз ҷониби Ookla чунин ҷоиза мегирад.

Ҷоиза дар асоси натиҷаҳои арзёбии мустақил ва таҳлили нишондиҳандаҳои сифати шабака тақдим гардида, сатҳи баланди рушди инфрасохтори телекоммуникатсионии ширкатро тасдиқ менамояд.