Ширкати TOJIKTELECOM ба роҳандозии марказҳои алоқа оғоз намуд, ки дар онҳо муштариён метавонанд хизматрасониҳои ҳамаи операторони мобилии кишварро дар як ҷой дастрас намоянд.
Бо ифтитоҳи чунин марказҳо бисёр масъалаҳои марбут ба алоқа метавонанд зудтар ва қулайтар ҳал карда шаванд.
Дар марказҳои алоқа муштариён метавонанд:
-
SIM-корт ё eSIM дастрас намоянд;
-
рақами мобилиро барқарор кунанд;
-
тарофаи хизматрасониро тағйир диҳанд;
-
оид ба хизматрасониҳои алоқа машварат гиранд.
Ҳамзамон дар ин марказҳо имкони пайваст намудани хизматрасониҳои TOJIKTELECOM низ фароҳам аст, аз ҷумла интернети баландсуръат, телефонияи собит ва дигар ҳалли рақамӣ.
Марказҳои аввалин аллакай ба фаъолият оғоз намуданд:
-
ноҳияи Рӯдакӣ
-
шаҳри Ваҳдат
-
ноҳияи Шаҳринав
-
шаҳри Турсунзода
Ширкат минбаъд низ рушди шабакаи марказҳои хизматрасониро идома медиҳад, то хизматрасониҳои алоқа барои аҳолӣ боз ҳам наздиктар, дастрас ва қулай гарданд.