Дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ Ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Навид Хабарҳои Хадамот

Дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания баргузор мегардад, миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати VOX Solutions Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тибқи ин санад, ҷонибҳо омодагии худро барои баррасӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва алоқаи собит изҳор намуданд.

Ҳамзамон бо ширкати Systemics ду Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд:
— якум миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Systemics;
— дуюм миёни ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкати Systemics.

Ҳуҷҷатҳои баимзорасида ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои муосири технологӣ ва таҳкими инфрасохтори телекоммуникатсионӣ равона гардидаанд.

Инчунин, Ёддошти сеҷонибаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии Net Solution ва ширкати GMS ба имзо расид.

Бояд ёдрас намуд, ки Конгресси ҷаҳонии мобилӣ яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои мобилӣ ва телекоммуникатсия ба ҳисоб рафта, ҳар сол намояндагони пешсафи ин соҳаро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирди ҳам меорад.