Рӯзи 6 марти 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Хадамот иштирок намуда, ба бонувону модарони фаъол арзи эҳтиром ва сипос баён карданд.
Сардори Хадамоти алоқа Исафандиёр Саъдулло зимни суханронии худ бонувони соҳаро ба муносибати ин рӯзи пурифтихор табрик гуфта, нақши занону модаронро дар рушди ҷомеа ва пешрафти соҳаи алоқа муҳим арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки зан-модар рамзи меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва сарчашмаи тарбияи насли солиму созанда мебошад.
«Зан-модар чароғи хонадон ва нерӯи илҳомбахши ҷомеа аст. Маҳз бо меҳру дастгирии модарон насли ватандӯсту соҳибмаърифат ба камол мерасад. Мо ҳамеша заҳмат ва саҳми арзандаи бонувонро дар фаъолияти Хадамоти алоқа қадр менамоем», — зикр гардид дар ҳамоиш.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор бонувони фаъоли Хадамот барои фаъолияти софдилона ва саҳми арзандаашон дар пешбурди корҳои соҳа туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои молӣ тақдим гардид.