ИНТЕРНЕТИ СОБИТ ВА ДАСТРАСӢ БА ОН 

Навид Хабарҳои Хадамот

Ё чаро густариши он барои Тоҷикистон муҳим аст?

Роҳҳои беҳтар намудани интернети хонагӣ дар Тоҷикистон

Дар асри XXI интернет ба яке аз муҳимтарин воситаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Имрӯз бе интернет рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат, хидматрасониҳои давлатӣ ва иртиботи байни одамон тасаввурнопазир мебошад. Дар Тоҷикистон низ талабот ба интернет сол ба сол зиёд мешавад. Бо вуҷуди рушди босуръати интернети мобилӣ, интернети собит ҳанӯз ҳам яке аз роҳҳои асосӣ ва боэътимоди дастрасии аҳолӣ ба он ба ҳисоб меравад, махсусан барои истифодаи хонагӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ.

   Бартарияти интернети собит барои шароити кӯҳистон

Тоҷикистон кишвари асосан кӯҳистон буда, 93 фоизи ҳудуди он кӯҳсор мебошад. Ин хусусият барои рушди зерсохти алоқа мушкилоти зиёд эҷод мекунад. Дар чунин шароит интернети мобилӣ бисёр вақт бо мушкилоти зерин рӯ ба рӯ мешавад:

  паст шудани сифати сигнал дар дараҳо ва кӯҳсорҳо;

  вобастагӣ аз иқлим (барф, борон, шамол).

Таъмини барқ ва сӯзишворӣ барои истгоҳҳои базавӣ дар минтақаҳои дурдаст яке аз омилҳои асосии устувории интернети мобилӣ мебошад, аз ҷумла таъмини сӯзишворӣ барои генераторҳо ва таъминоти устувори барқ яке аз мушкилоти ҷиддии интернети мобилӣ, махсусан дар минтақаҳои кӯҳистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳолати қатъ шудани барқ ё мушкилоти дастрасӣ ба сӯзишворӣ фаъолияти истгоҳҳои базавӣ маҳдуд гардида, сифати алоқа ва интернет паст мегардад.

Интернети собит аз тариқи нахи оптикӣ устувортар аст. Зеро:

  ба мавқеи ҷуғрофӣ камтар вобаста мебошад;

  суръати пайвастшавӣ доимӣ ва устувор мемонад;

  сифати хидматрасонӣ беҳтар аст;

  барои истифодаи аҳли хона мувофиқ мебошад.

Дар деҳот ва минтақаҳои кӯҳистон, агар шабакаи нахи оптикӣ ё хатҳои собит дастрас бошанд, интернети собит метавонад нисбат ба мобилӣ чанд маротиба устувортар ва боэътимодтар хидмат расонад.

Мусаллам аст, ки дар кишвари кӯҳсор  зерсохти нақлиёт ва алоқа дар бисёр минтақаҳо бо заҳмати зиёд бунёд мешавад. Барои кашидани хатҳои нахи оптикӣ ба деҳоти дурдаст сармоягузории калон лозим аст. Аммо,  сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷуда, солҳои охир шабакаҳои нахи оптики ба шаҳр ва ноҳияҳо бурда шуда, марказҳои тақсимоти интернет беҳтар мегардад ва хидматрасониҳои интернети хонагӣ рушд меёбанд.

Ин имкон медиҳад, ки дар оянда интернети собит на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар бисёр минтақаҳои кӯҳистони кишварамон мавриди дастрасӣ қарор гирифта, ба рушди иқтисоди маҳаллӣ, таҳсилоти фосилавӣ ва хидматрасониҳои рақамӣ мусоидат намояд.

Сифати беҳтар ва суръати устувор

Интернети собит одатан суръати баланд ва устувор дошта, барои:

  тамошои видеоҳои сифаташ баланд;

  дарсҳои онлайнӣ;

  корҳои фосилавӣ;

  бозиҳои онлайнӣ мувофиқ мебошад.

Дар интернети мобилӣ суръат вобаста ба шумораи истифодабарандагон метавонад паст шавад.

Дар бисёр ҳолатҳо  интернети хонагӣ  назар ба бастаи интернети мобилӣ арзонтар мебошад. Дар оилаҳое, ки ҳамзамон чанд нафар аз интернет истифода мебаранд, аз лиҳози иқтисодӣ интернети собит муфидтар аст.

Гарчанде таъсири мавҷҳои радиоӣ ба саломатӣ пурра исбот нашудааст, бисёр мутахассисон тавсия медиҳанд, ки истифодаи дарозмуддати интернети мобилӣ маҳдуд карда шавад. Интернети собит вобастагӣ ба сигналҳои радиои мобилиро кам мекунад ва барои истифодаи доимии хонагӣ амнтар шуморида мешавад.

Агар дар маҳалли зист имкони пайваст шудан ба нахи оптикӣ вуҷуд дошта бошад, тавсия дода мешавад, ки маҳз ҳамин навъи пайваст интихоб гардад. Интернети собит дар муқоиса бо интернети мобилӣ бартариҳои зиёд дорад. Аз ҷумла:

Устувории пайваст. Сифати пайвастшавӣ қариб тағйир намеёбад ва ба шумораи истифодабарандагон дар шабака камтар вобаста мебошад. Интернети собит аз халалҳои электромагнитӣ камтар осеб мебинад.

Омодагӣ ба оянда. Шабакаи нахи оптикӣ имкони афзоиши минбаъдаи суръатро бе иваз кардани хатҳо дорад. Танҳо бо навсозии таҷҳизот суръатро баланд кардан мумкин аст.

Барои оилаҳое, ки дар як вақт чанд тан аз интернет истифода мебаранд (дарсҳои онлайнӣ, корҳои фосилавӣ, IPTV, шабакаҳои иҷтимоӣ), гузариш ба нахи оптикӣ метавонад сифати зиндагии рақамиро ба таври назаррас беҳтар намояд. Агар дар маҳалли зист имкони пайваст шудан ба нахи оптикӣ вуҷуд дорад, истифода аз он муфид аст, зеро суръати баландтар ва устувории бештар медиҳад.

Метавон ба хулосае омад, ки интернети собит барои кишвари мо дорои аҳаммияти стратегӣ мебошад. Дар шароите, ки интернети мобилӣ аз релефи кӯҳсор, обу ҳаво, сарбории шабака ва ҳатто мушкилоти логистикӣ (таъмини барқ ва сӯзишворӣ барои истгоҳҳои базавӣ) вобастагии зиёд дорад, интернети собит метавонад роҳи устувортар ва боэътимодтари дастрасӣ ба интернет гардад.

Рушди шабакаҳои нахи оптикӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои баланд бардоштани сифати хидматрасонии интернети хонагӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Интернети собит на танҳо аз лиҳози суръат ва устуворӣ бартарӣ дорад, балки барои оилаҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ низ манфиатовар мебошад, зеро як пайваст метавонад ба чанд нафар хидмат намояд.

Истифодаи дурусти таҷҳизоти шабакавӣ, интихоби провайдери боэътимод ва гузариш ба технологияҳои муосир метавонад сифати интернетро ба сатҳи нав бардорад. Дар маҷмуъ, рушди интернети собит дар Тоҷикистон на танҳо масъалаи техникӣ, балки омили муҳим барои пешрафти маориф, иқтисод, хидматрасониҳои рақамӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад.

Ҳусайнзода Насимҷон Бурихон,

директори филиали ҶСК “Тоҷиктелеком”, ШҶТМ

Бознашр аз маҷҷалаи “Алоқа” феврал 2026/№2

9 ИНТЕРНЕТИ СОБИТ