Мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

Мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 25 майи соли ҷорӣ мулоқоти Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ Марк Боуман баргузор гардид. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати […]

Ҳайати Тоҷикистон дар форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 масъалаҳои рушди рақамиро баррасӣ намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 масъалаҳои рушди рақамиро баррасӣ намуд 20–21 майи соли 2026 дар шаҳри Самарқанд форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 — чорабинии флагмании Ассотсиатсияи ҷаҳонии операторони алоқаи мобилӣ барои минтақаи Авруосиё баргузор гардид. Дар кори форум ҳайати муштараки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиктелеком» иштирок намуданд. Ҳайати […]

5 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид.

5 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид. Ин ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои […]

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд.

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об […]

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи  муовинони Дабири кулли СММ мулоқот намуданд.

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи  муовинони Дабири кулли СММ мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, Фиристодаи махсуси Дабири кулл оид ба захираҳои об хонум Ретно Марсудӣ ва Ректори Донишгоҳи СММ – Муовини Дабири кулли СММ Тшилидзи […]

Рӯзи ҷаҳонии футбол — ташаббуси Тоҷикистон барои муттаҳидии ҷаҳон

Рӯзи ҷаҳонии футбол — ташаббуси Тоҷикистон барои муттаҳидии ҷаҳон Дар ҷаҳони муосир футбол дигар танҳо як намуди варзиш нест. Он ба воситаи муҳими ҳамгироии ҷомеаҳо, таҳкими дӯстӣ миёни миллатҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим табдил ёфтааст. Маҳз ҳамин аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва фарҳангии футбол буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майро ҳамчун […]

Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе бо интернети баландсуръат таъмин хоҳанд шуд

Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе бо интернети баландсуръат таъмин хоҳанд шуд Аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе “Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо” ва чорабиниҳои канории он баргузор мегардад. Дар доираи ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини босифати хизматрасониҳои интернетӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. […]

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб, фармон медиҳам: 1. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад. 2. Фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил карда шавад. 3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои […]

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛРО ДАР ҚАРОРГОҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҶЛИЛ КАРДАНД

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛРО ДАР ҚАРОРГОҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҶЛИЛ КАРДАНД Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласа бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки президенти ФИФА Ҷанни Инфантино баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ Ҷонибек Ҳикмат намояндагӣ кард. Дар ҷараёни суханронӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таъсиси […]