Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе бо интернети баландсуръат таъмин хоҳанд шуд

Навид Хабарҳои расмӣ

Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе бо интернети баландсуръат таъмин хоҳанд шуд

Аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе “Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо” ва чорабиниҳои канории он баргузор мегардад. Дар доираи ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини босифати хизматрасониҳои интернетӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид барои иштирокчиён, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва меҳмонони хориҷӣ, аз ҷониби кормандони ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ҳамаи биноҳое, ки чорабиниҳои конфронс баргузор мешаванд, таҷҳизоти муосири техникӣ насб карда мешавад. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки иштирокчиён ба интернети баландсуръат ва устувор дастрасии доимӣ дошта бошанд.

Интизор меравад, ки “Кохи Сомон” ҳамчун макони асосии баргузории конфронс пурра бо шабакаи интернетии ройгон фаро гирифта шавад. Дар толорҳо ва маҷлисгоҳҳои бино шабакаҳои WiFi мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ фаъол гардида, барои фаъолияти бемамониати меҳмонон ва рӯзноманигорон шароити муосири коммуникатсионӣ муҳайё карда мешавад.

Ҳамзамон, дар “Кохи Сомон” ду маркази матбуот ташкил гардида, онҳо бо шабакаи ноқилӣ ва интернети баландсуръат таъмин хоҳанд шуд. Каналҳои асосӣ ва эҳтиётии интернет бо суръати 1 Гбит/с ташкил гардида, тамоми ошёнаҳои биноро фаро хоҳанд гирифт.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба фаъолияти рӯзноманигорон равона шуда, барои онҳо имкони дастрасии фаврӣ ба форумҳо, ҷаласаҳои пленарӣ ва ирсоли мавод ба расонаҳои байналмилалӣ фароҳам оварда мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори конфронс садҳо намоянда аз давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард. Инчунин, беш аз 300 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла зиёда аз 100 рӯзноманигори хориҷӣ, ҷараёни конфронсро инъикос хоҳанд намуд.

Дар назар аст, ки конфронс аз ҷониби хабарнигорони оҷонсиҳо ва расонаҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла «Синьхуа» (Чин), «AL JAZEERA» (Қатар), «Reuters» (Британияи Кабир), «L’Express», «Le Monde», «Pakistan TV Digital (PTV)», «ABN News Pakistan», «MT Mir», «NTV» (Русия), «Azertaj» (Озарбойҷон), «EnviroNews» (Нигерия), «Sociedade do Noticias» (Мозамбик), «Eurasian Pravda» (Беларус), «Kuon» (Камбоҷа), «TuranTales» (Лаҳистон) ва дигар воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ инъикос карда шавад.

Дар ҳошияи конфронс форумҳо ва чорабиниҳои гуногуни канорӣ баргузор гардида, масъалаҳои вобаста ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор хоҳанд гирифт.