Рӯзи ҷаҳонии футбол — ташаббуси Тоҷикистон барои муттаҳидии ҷаҳон

Навид Хабарҳои Хадамот

Рӯзи ҷаҳонии футбол — ташаббуси Тоҷикистон барои муттаҳидии ҷаҳон

Дар ҷаҳони муосир футбол дигар танҳо як намуди варзиш нест. Он ба воситаи муҳими ҳамгироии ҷомеаҳо, таҳкими дӯстӣ миёни миллатҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим табдил ёфтааст. Маҳз ҳамин аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва фарҳангии футбол буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф намуд.

Қабули ин сана дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои байналмилалӣ на танҳо иштирокчӣ, балки кишвари ташаббускор ва таъсиргузор мебошад. Ин иқдом ба рӯйхати ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид, ки ҳадафи онҳо таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва арзишҳои умумибашарист.

 Тоҷикистон ва ташаббуси ҷаҳонии футбол

Пешниҳоди таъсиси Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Созмони Милали Муттаҳид садо дод ва аз ҷониби кишварҳои гуногун пуштибонӣ ёфт.

Қатъномаи қабулшуда аҳамияти футболро ҳамчун воситаи таҳкими сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ таъкид мекунад. Инчунин дар он ба нақши варзиш дар наздик кардани мардум, рушди ҷавонон ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байналмилалӣ ишора шудааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин ташаббусҳо нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам таҳким мебахшанд. Зеро имрӯз кишвар бо ибтикорҳои худ дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва акнун дар самти варзиш дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи устувор касб кардааст.

 Паёми Рустами Эмомалӣ: футбол забони муштараки ҷаҳон аст

Ҳангоми таҷлили нахустини Рӯзи ҷаҳонии футбол дар қароргоҳи СММ муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз нақши футбол ҳамчун омили муттаҳидкунандаи инсоният ёдовар шуд.

Ӯ таъкид кард, ки футбол метавонад фарқиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро паси сар намуда, мардумро атрофи арзишҳои умумӣ муттаҳид созад. Ба гуфтаи ӯ, маҳбубияти бесобиқаи футбол дар ҷаҳон нишон медиҳад, ки ин бозӣ ба забони умумии инсоният табдил ёфтааст.

Дар суханронӣ ҳамчунин ба нақши футбол дар рушди ҷавонон, таҳкими сулҳ, тарбияи ҳисси эҳтиром ва фаъолияти дастаҷамъӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон футболро на танҳо ҳамчун мусобиқаи варзишӣ, балки ҳамчун унсури муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад.

 Баҳои баланд аз ҷониби ФИФА

Рушди футболи тоҷик ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти ФИФА низ мусбат арзёбӣ мешаванд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар паёмҳои расмии худ борҳо аз саҳми роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар рушди футбол ва тарғиби арзишҳои он ситоиш кардааст.

Чунин баҳоҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз футболи тоҷик тадриҷан дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳи бештар пайдо намуда, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва ҷавонон табдил ёфтааст.

Нақши Рӯзи ҷаҳонии футбол дар рушди варзиш

Эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аҳамияти танҳо рамзӣ надорад. Ин иқдом метавонад барои рушди инфрасохтори варзишӣ, ҷалби кӯдакону наврасон ба футбол ва густариши фарҳанги варзишӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Имрӯз дар бисёр кишварҳо футбол воситаи муҳими тарбияи ҷавонон ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ дониста мешавад. Дар Тоҷикистон низ солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди футбол бештар гардидааст. Бунёди майдонҳои муосир, рушди футболи наврасон ва бонувон, иштирок дар барномаҳои байналмилалии ФИФА ва пешрафти мунтахабҳои миллӣ аз нишонаҳои ин раванд мебошанд.

Муваффақиятҳои дастаҳои наврасону ҷавонони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон барои рушди насли нави футболбозон заминаи мусоид фароҳам гардида истодааст.

 Рӯзи ҷаҳонии футбол ва фарҳанги ҷомеа

Таҷлили чунин рӯзҳо танҳо ба баргузории мусобиқаҳо маҳдуд намешавад. Онҳо пеш аз ҳама барои тарғиби фарҳанги варзишӣ, таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани ҳисси ҳамбастагӣ аҳамият доранд.

Дар бисёр кишварҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивалҳои кӯдакона, барномаҳои омӯзишӣ, мусобиқаҳои дӯстона ва чорабиниҳои оммавӣ баргузор мешаванд. Чунин иқдомҳо ба рушди муҳити солим ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти фаъол мусоидат мекунанд.

Дар Тоҷикистон низ таҷлили ин рӯз бо ташкили чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, ҷалби наврасон ба футбол, мусобиқаҳои дӯстона ва барномаҳои тарғиботӣ ҳамоҳанг мегардад. Ҳадаф аз чунин иқдомҳо рушди фарҳанги футбол ва таҳкими рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.

Пайравии Хадамоти алоқа аз ин ташаббус

Сохторҳои соҳаи алоқаи кишвар низ ба рушди варзиш, бахусус футбол, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дастгирии мусобиқаҳои соҳавӣ, ташкили чорабиниҳои варзишӣ байни кормандон ва ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд.

Намунаи равшани ин ҳамкориҳо — шарикии стратегии ҶСК «Тоҷиктелеком» бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Ин ҳамкорӣ ба рушди инфрасохтори рақамии футбол, беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ дар варзишгоҳҳо ва густариши имкониятҳои технологӣ дар соҳаи варзиш равона шудааст.

Ҳамчунин, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони сохторҳои соҳаи алоқа, аз ҷумла мусобиқаҳои футболи хурд, ба таҳкими рӯҳияи дастаҷамъӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад. Ин гуна чорабиниҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи алоқа на танҳо дар рушди технология, балки дар рушди иҷтимоӣ ва варзишии ҷомеа низ саҳмгузор аст.