Баргузории Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan 2025” дар Душанбе
Дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе — Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan 2025” кори худро оғоз намуд. Ин чорабинии сатҳи баланд, ки барои се рӯз дар назар гирифта шудааст, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотиро гирди ҳам меорад.
Сохторҳои Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва провайдерҳои интернетии мамлакат дар форум бо лоиҳаҳо, идеяҳо ва таҷрибаи худ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо ширкат варзида истодаан. Онҳо таҷрибаи татбиқи шабакаҳои 4G ва 5G, васеъкунии фарогирии интернети босуръат, рушди пардохтҳои мобилӣ, платформаҳои рақамии давлатӣ ва хизматрасониҳои онлайнро муаррифӣ мекунанд.
Дар қисмати аввал асосан ба рушди инфрасохтори рақамӣ, иқтисоди иттилоотӣ ва навовариҳои технологӣ бахшида шудааст. Пас аз маросими ифтитоҳӣ, як қатор панелҳои мавзӯӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо роҳбарон ва коршиносони соҳа масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд:
Панели аввал: «Стратегияи рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон» — иштирокчиён роҳҳои баланд бардоштани самаранокии соҳаҳо тавассути татбиқи технологияҳои рақамиро муҳокима карданд.
Панели дуюм: «Амният ва суверенитети рақамӣ» — масъалаҳои ҳифзи маълумоти миллӣ, идоракунии киберамният ва таъсиси системаҳои муҳофизатии дохилӣ баррасӣ гардид.
Панели сеюм: «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» — сухан аз густариши системаи “ҳукумати электронӣ”, осонсозии муомилоти шаҳрвандон бо идораҳо ва коҳиши расмиятбозӣ рафт.
Панели чорум: «Иқтисоди рақамӣ ва соҳибкорӣ» — намояндагони бахши хусусӣ таҷрибаи истифодаи платформаҳои рақамиро дар фаъолияти тиҷоратии худ муаррифӣ намуданд.
Давоми рӯз форум ккори худро дар шакли панелҳо ва муҳокимаҳои амалӣ идома медиҳад, ки ба таҳкими экосистемаҳои рақамӣ, рушди стартапҳо ва татбиқи инноватсияҳо дар бахши давлатӣ ва хусусӣ бахшида шудааст.
Ҳамчунин як қатор панелҳои муҳими мавзӯӣ дигар баргузор мегарданд:
Панели “Инноватсия ва экосистемаҳои рақамӣ”: ширкатҳои ватанию хориҷӣ таҷрибаи рушди экосистемаи стартапҳоро дар шароити Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.
Панели “Тиҷорати электронӣ ва пардохтҳои рақамӣ”: намояндагони бонкҳо, ширкатҳои финтек ва бозорҳои онлайн дар бораи имкониятҳои васеъ намудани савдои электронии дохилӣ ва содиротӣ сухан мегӯянд.
Панели “Таҳсилоти рақамӣ ва тайёр намудани мутахассисони IT”: муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои омӯзишӣ лоиҳаҳои муштараки тайёр кардани кадрҳои рақамиро муаррифӣ менамоянд.
Дар баробари ин, шоу-кейси стартапҳо баргузор гардид, ки дар он ҷавонони инноватор лоиҳаҳои худ — аз системаҳои зеҳни сунъӣ то барномаҳои амалӣ барои тиҷорат —-ро намоиш медиҳанд.
Инчунин, дар бахши намоишӣ кампанияҳои алоқа ва IT, бунёдҳои сармоягузорӣ ва донишкадаҳои соҳавӣ дастовардҳои худро муаррифӣ карданд.
Мақсади асосии Форум ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ, стратегияи рушди рақамии кишвар то соли 2030 ва пешбурди технологияҳои нав равона гардидааст. Бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои бузурги алоқа ва ташкилотҳои минтақавӣ баргузор гардид, ки мавзӯи он “Ояндаи рақамии Тоҷикистон ва ҳамгироии минтақавӣ” мебошад.
Дар анҷоми форум, аз ҷониби кумитаи ташкилӣ Эъломияи Душанбе оид ба рушди иқтисоди рақамӣ қабул гардид, ки он самтҳои асосии ҳамкории давлатӣ, хусусӣ ва байналмилалиро барои панҷ соли оянда муайян мекунад.