23 феврали соли 2026 байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сервис и Технология» созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ» ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур ба рушди инфрасохтори соҳаи почта ва ҷорӣ намудани низоми муосири автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ нигаронида шудааст. Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониҳо беҳтар гардида, равандҳои коркард, ирсол ва назорати муросилот мутобиқ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар доираи лоиҳа инчунин хизматрасониҳои логистикӣ ва иҷрои фармоишҳо такмил ёфта, имкониятҳои нав барои рушди савдои электронӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ фароҳам оварда мешаванд.
Ин иқдом ба таҳкими зерсохтори коммуникатсионӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағгузории пурраи он аз ҳисоби шарики хусусӣ — ҶДММ «Сервис и Технология» таъмин мегардад.
Тибқи нақша, дар натиҷаи татбиқи лоиҳа беш аз 150 ҷойи кори нави доимӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 500 нафар кормандони соҳаи алоқаи почта ба равандҳои нав ҷалб карда мешаванд.