Қаллобӣ тавассути зангҳои телефонӣ: чи гуна қаллобонро метавон шинохт?

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ тавассути зангҳои телефонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ба маълумоти шумо мерасонад, ки ашхоси номаълум худро корманди бонк, оператори ширкатҳои мобилӣ ё шахси шинос нишон дода, бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла «дар назди бонк қарз доред», «қарз диҳед», «ҳисобатон баста мешавад» ё «телефонатонро танзим мекунем», аз шумо коди SMS, рақами корт ва дигар маълумоти махфиро талаб мекунанд.
Ҳамчунин, баъзе қаллобон бо баҳонаи танзими 4G ё 5G дар телефонҳо ба шумо занг зада, кӯшиш мекунанд маълумоти шахсӣ ё коди тасдиқиро гиранд. Дар хотир доред, ки чунин танзимотро аз дур (удалённо) анҷом додан имкон надорад ва барои он ягон коди махфӣ ё маълумоти корт талаб карда намешавад.
Бо гирифтани чунин маълумот, онҳо метавонанд ба кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилии шумо дастрасӣ пайдо карда, маблағҳоро аз худ кунанд.
Танҳо ба рақамҳои расмии марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ эътимод кунед:
Tcell: 7070, 8080 ва 2000
Babilon-M: 918-61-61-61 ва 2006
ZET-Mobile: 800-800-800
MegaFon: 007-700-500 ва 970-700-500
MegaFon дар шаҳри Душанбе – 001-700-500
MegaFon дар ВМКБ – 004-700-500
MegaFon дар вилояти Суғд – 002-700-500
MegaFon дар вилояти Хатлон – 003-700-500
Ширкатҳои мобилӣ танҳо аз рақамҳои кӯтоҳи расмӣ ё марказҳои тамос ба муштариёни худ занг мезананд.
Дар хотир доред:
– ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқ (SMS-код), рақами пурраи корти бонкӣ ва CVV-код, ва рамзи махфии барномаҳои мобилиро талаб намекунанд;
– ба зангҳо ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳед ва истинодҳои (ссылка) шубҳанокро, аз ҷумла дар Telegram ва дигар месенҷерҳо, накушоед;
– барномаҳои номаълумро насб накунед;
– телефонатонро ба шахсони бегона надиҳед;
Агар ба шумо аз рақамҳои номаълум занг зада, чунин маълумотро талаб намоянд, сӯҳбатро фавран қатъ намоед;
Ба рақами расмии ширкати мобилӣ ё бонки худ мустақиман занг занед ва маълумотро санҷед.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии чунин ҳолатҳои қаллобӣ чораҳои зарурии ташкилӣ ва техникӣ андешида, ҳамкориҳоро бо ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дахлдор тақвият бахшида, корҳо дар ин самт идома доранд.
ДАР ХОТИР ДОРЕД, АМНИЯТИ МОЛИЯВИИ ШУМО ПЕШ АЗ ҲАМА БА ҲУШЁРӢ ВА ЭҲТИЁТКОРИИ ХУДИ ШУМО ВОБАСТА АСТ!!!