
РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ДАР САМТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Аз 1 то 4 июни соли 2026 намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи сафари омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таҷрибаи пешқадами ин кишвар дар самти рушди ҳукумати электронӣ, идоракунии рақамӣ ва татбиқи технологияҳои муосир шинос шуданд.
Сафари мазкур бо мақсади такмили дониш ва малакаи мутахассисон дар самти таҳия, татбиқ ва ҳамоҳангсозии низомҳои рақамӣ баргузор гардида, ба рушди ҳамкориҳои соҳавӣ ва омӯзиши таҷрибаи муваффақи кишварҳои минтақа мусоидат намуд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ва мулоқотҳои корӣ ҷониби Ӯзбекистон таҷрибаи худро дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, ташаккули инфрасохтори рақамӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ муаррифӣ кард.
Хадамоти алоқа ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба омӯзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосир, тавсеаи хизматрасониҳои рақамӣ ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар доираи барнома иштирокчиён бо таҷрибаи амалии татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ, роҳҳои ҳалли масъалаҳои соҳавӣ ва механизмҳои ҳамоҳангсозии равандҳои рақамикунонӣ шинос шуда, инчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои техникӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Сафари омӯзишии мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани иқтидори мутахассисон ва пешбурди равандҳои рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.