Шанбегии кормандони Хадамоти алоқа

Кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шанбегии дастаҷамъона фаъолона иштирок намуда, атрофи бинои маъмурии идораро тоза ва ободу зебо гардониданд.
Зимни ин иқдом муҳити атроф аз партовҳо пок карда шуда, корҳои кабудизоркунӣ, сафедкунӣ ва ба тартиб даровардани ҳудуди муассиса анҷом дода шуданд. Иштирокдорон бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ дар беҳдошти муҳити зист саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Шанбегӣ ҳамчун анъанаи нек ба ободонӣ ва зебоии муҳити зист мусоидат карда, кормандонро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории бештар ҳидоят менамояд.