Хадамоти алоқа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ёддошти тафоҳум оид ба навсозӣ ва тавсеаи шабакаи миллии телекоммуникатсионӣ ба имзо расониданд

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Хадамоти алоқа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ёддошти тафоҳум оид ба навсозӣ ва тавсеаи шабакаи миллии телекоммуникатсионӣ ба имзо расониданд

Дар ҳошияи Ҷаласаи солона ва Форуми соҳибкории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти навсозӣ ва тавсеаи шабакаи миллии телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Санади мазкурро Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён, Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва Директори бахши телекоммуникатсия, ВАО ва технологияҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ҳолгер Муент ба имзо расониданд.

Лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори рақамии кишвар, густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосири телекоммуникатсионӣ, баланд бардоштани сифат ва эътимоднокии шабакаҳои алоқа ва дастгирии раванди рақамикунонӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.

Маблағи умумии лоиҳа ҷалби тахминан 43 миллион доллари амрикоиро дар назар дошта, татбиқи он ба рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои шаҳрвандон ва соҳибкорон мусоидат хоҳад кард.