Кормандони Хадамоти алоқа дар аксияи умумишаҳрии «Саҳми ман дар шаҳри ман» фаъолона иштирок намуданд

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Кормандони Хадамоти алоқа дар аксияи умумишаҳрии «Саҳми ман дар шаҳри ман» фаъолона иштирок намуданд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи умумишаҳрии «Саҳми ман дар шаҳри ман» фаъолона иштирок намуданд.

Аксияи мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Клуби «Волонтёрони экологӣ» дар назди Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, ба тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, дохилу атрофи бинову иншоот ва беҳтар намудани фарҳанги экологӣ равона шудааст.

Дар доираи шанбегӣ кормандони Хадамоти алоқа ба корҳои ободонӣ ва тозагӣ машғул шуда, ҳудуди маъмурии бино ва атрофи онро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуданд. Ҳамзамон, бо мақсади таъмини шароити мусоид барои фаъолияти бемайлони шабакаҳои алоқа, ба устоҳои доимамалкунанда низ кумак расонида шуда, як қатор корҳои техникиву хоҷагидорӣ анҷом дода шуданд.

Иштирокчиёни шанбегӣ инчунин ба тозаву озода нигоҳ доштани роҳравҳо, кабудизоркунӣ ва ба тартиб даровардани муҳити атроф саҳми арзанда гузоштанд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин иқдомҳо дар баробари баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахтро тақвият бахшида, ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Кормандони Хадамоти алоқа минбаъд низ бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар корҳои ободонӣ ва тозагии пойтахт иштироки фаъолона хоҳанд дошт.