
Иштирок Сардори Хадамоти алоқа дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти алоқаи кишварҳои РСС ва ИДМ
Санкт-Петербург, 5 июни соли 2026 — Дар Қасри Мариинскии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи муштараки 65-уми Шӯрои Иттиҳоди минтақавии ҳамкории алоқа (РСС) ва 32-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии кишварҳои ИДМ баргузор гардид.
Дар кори нишаст роҳбарони мақомоти давлатии соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотии кишварҳои узви РСС ва ИДМ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа иштирок карданд.
Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни иштирок дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамиро баррасӣ намуда, ба аҳамияти густариши ҳамгироии рақамӣ байни кишварҳои минтақа таъкид кард.
Яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласа масъалаи роуминги байнидавлатӣ дар кишварҳои РСС ва ИДМ буд. Иштирокчиён роҳҳои коҳиш додани хароҷоти хизматрасониҳои мобилӣ ҳангоми сафарҳои шаҳрвандон, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоқа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи шабакаҳои мобилӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамкорро муҳокима карданд.
Ҳамчунин дар нишаст масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) дар соли 2026, рушди системаҳои алоқа дар мадорҳои ғайригеостатсионарӣ, таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёр, татбиқи зеҳни сунъӣ ва таъсиси шӯрои минтақавии коршиносон оид ба зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон як қатор санадҳо ва ташаббусҳои муҳимро барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти минтақа ҷонибдорӣ намуданд.