Вохӯрӣ дар ҳошияи ҷаласаи солонаи EBRD дар Рига

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Вохӯрӣ дар ҳошияи ҷаласаи солонаи EBRD дар Рига

Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) дар шаҳри Рига вохӯрии кории сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар он Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён ва Директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком» Бахтовар Абдусатторзода иштирок намуданд. Мулоқот бо ҷаноби Алекс Пивоварский, директори рушди бозорҳои сармоя ва молия, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ дурнамои ҷалби ҶСК «Тоҷиктелеком» ба бозорҳои байналмилалии сармоя ва ҷалби сармоя тавассути барориши саҳмияҳо (IPO) баррасӣ гардид. Ҳамчунин масъалаҳои такмили идоракунии корпоративӣ ва ҷалби сармоягузорӣ муҳокима шуданд.