Навид

Операторони ҷаҳонӣ фарогирии моҳвораиро васеъ мекунанд

Операторони бузурги моҳвораӣ фарогирии интернетро дар ҷаҳон васеъ намуда, шумораи моҳвораҳоро дар мадори пасти Замин (LEO) зиёд мекунанд. Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки ҳатто дар минтақаҳои хеле дурдаст пайвасти устувор ва суръати баланди интиқоли маълумот таъмин гардад. Чунин қарорҳо барои кишварҳое, ки дорои ҷуғрофияи душвор мебошанд ва инфрасохтори анъанавӣ кам рушд кардааст, хеле муҳим мебошанд. […]

Баргузории хониши сиёсӣ дар Хадамоти алоқа

Баргузории хониши сиёсӣ дар Хадамоти алоқа   Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ бо иштироки Назира Амирбекзода, Директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент баргузор гардид. Дар чорабинӣ атрофи корнамоиҳо ва фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбатҳои гарму […]

Шанбегии кормандони Хадамоти алоқа

Шанбегии кормандони Хадамоти алоқа Кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шанбегии дастаҷамъона фаъолона иштирок намуда, атрофи бинои маъмурии идораро тоза ва ободу зебо гардониданд. Зимни ин иқдом муҳити атроф аз партовҳо пок карда шуда, корҳои кабудизоркунӣ, сафедкунӣ ва ба тартиб даровардани ҳудуди муассиса анҷом дода шуданд. Иштирокдорон бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ дар беҳдошти […]

Таҳкими муқовимат ба коррупсия дар соҳаи алоқа баррасӣ гардид

Ҳамчунин дар чорабинӣ Сардори Раёсати ҳуқуқи Хадамоти алоқа Фирдавс Абдуллозода Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 дар дуюм (солҳои 2026-2030)-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба ҳозирин шаҳр дода, ба масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти интизоми хизматӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати […]

Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурӣ

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазируфтан ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон мекунад: 1. Муовини сардори Раёсати назорат дар соҳаи алоқа; 2. Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус; 3. Мудири бахши Хадамоти алоқа дар вилояти ВМКБ; 4. Сармутахасссиси Раёсати рушди алоқа ва иттилотонӣ – 1 ҷой 5. Сармутахассиси Раёсати назорат […]

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ: ҲИФЗИ МУШТАРИЁН АЗ ҚАЛЛОБӢ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ

Имрӯз шабакаи ҷаҳонии интернет ба яке аз муҳимтарин ва пуриқдитортарин воситаҳои муошират, табодули иттилоот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни инсоният табдил ёфтааст. Интернет имкониятҳои беназир фароҳам меорад, ки ҳар як шахс, новобаста аз масофаҳои ҷуғрофӣ, марзҳои давлатӣ, фарҳанг ва забон, бо ҳам робитаи фаврӣ барқарор карда иттилоотро ба таври зуд мубодила намояд. Бартарии асосии ин шабака […]

Омодагии густурда ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баррасӣ шуд

3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ  доир намуданд. Машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба истиқболи сазовор аз солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, доир ба рафти иҷрои барномаи омодагиҳо гузориши аъзои Кумитаи […]

Сафари кории Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарияти вилоят истиқбол намуданд. Ҳар як сафари кории […]

Таҷлили Наврӯз дар Хадамоти алоқа

Рузи 28 марта дар фазои пурнишоти баҳорӣ ва дар партави анъанаҳои дерини миллӣ, дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ин ҷашни бостонӣ, ки муждарасони эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав аст, кормандони соҳаи алоқаро низ гирди ҳам оварда, руҳияи ҳамбастагӣ ва ифтихори миллиро тақвият бахшид. […]

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро бо нишони эҳтироми баланд ба меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев самимона гусел намуданд. Ёдовар мешавем, ки зимни […]