Cитоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.

19 марти соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдурахмонзода Абдурахмон Сафаралӣ ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ баргузор гардид. Дар он мавзӯи «Вазъи соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таҷдиди хатҳои нахии нурии байнишаҳрӣ ва таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар оғози ҷаласа […]

Дар шаҳри Душанбе миёни ҶСК «Тоҷиктелеком» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон созишномаи муҳими ҳамкории стратегӣ ба имзо расид, ки ба рушди инфрасохтори рақамии футболи кишвар равона шудааст

Ҳуҷҷати ҳамкориро Директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком» Абдусатторзода Бахтовар ва Муовини Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов имзо карданд. Тибқи созишнома, ҶСК «Тоҷиктелеком» мақоми шарики стратегии тимҳои миллии кишварро касб намуд. Дар доираи ин шарикӣ, ҶСК «Тоҷиктелеком» бо истифода аз имкониятҳои васеи зерсохторӣ ва таҷрибаи худ дар татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ, таъмини хидматрасониҳои муосири алоқа ва интернетро […]

ИНТЕРНЕТИ СОБИТ ВА ДАСТРАСӢ БА ОН 

Ё чаро густариши он барои Тоҷикистон муҳим аст? Роҳҳои беҳтар намудани интернети хонагӣ дар Тоҷикистон Дар асри XXI интернет ба яке аз муҳимтарин воситаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Имрӯз бе интернет рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат, хидматрасониҳои давлатӣ ва иртиботи байни одамон тасаввурнопазир мебошад. Дар Тоҷикистон низ талабот ба интернет сол ба […]

Тақвияти ҳамкорӣ: боздиди ҳайати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ceragon Networks

Ҳайати роҳбарикунандаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар доираи сафари корӣ аз дафтари ширкати «Серагон Нетворкс» (Ceragon Networks) — истеҳсолкунандаи технология ва таҷҳизоти муосири соҳаи телекоммуникатсия, ки дар шаҳри Бухарести Руминия воқеъ мебошад, дидан намуданд. Дар ҷараёни боздид мулоқот бо Ноиби президенти ширкат ва роҳбари намояндагиҳо дар Руминия ва […]

Вохӯрии роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти ANCOM дар Бухарест

10 марти соли 2026 дар шаҳри Бухарести Руминия дар доираи сафари корӣ вохӯрии ҳайати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Мақомоти миллии танзим ва идоракунии соҳаи алоқаи Руминия (ANCOM) Валериу Жгонеа баргузор гардид. Зимни мулоқоти корӣ, ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ, танзими бозори телекоммуникатсионӣ, идоракунии спектри радиобасомадҳо, инчунин […]

Баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Модар дар Хадамоти алоқа

Рӯзи 6 марти 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Хадамот иштирок намуда, ба бонувону модарони фаъол арзи эҳтиром ва сипос баён карданд. Сардори Хадамоти алоқа Исафандиёр Саъдулло зимни суханронии худ бонувони соҳаро ба муносибати ин рӯзи пурифтихор табрик гуфта, нақши […]

Дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ Ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания баргузор мегардад, миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати VOX Solutions Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи ин санад, ҷонибҳо омодагии худро барои баррасӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва алоқаи собит изҳор намуданд. Ҳамзамон бо ширкати […]

Формати нави хизматрасонӣ ба муштариён

Ширкати TOJIKTELECOM ба роҳандозии марказҳои алоқа оғоз намуд, ки дар онҳо муштариён метавонанд хизматрасониҳои ҳамаи операторони мобилии кишварро дар як ҷой дастрас намоянд. Бо ифтитоҳи чунин марказҳо бисёр масъалаҳои марбут ба алоқа метавонанд зудтар ва қулайтар ҳал карда шаванд. Дар марказҳои алоқа муштариён метавонанд: SIM-корт ё eSIM дастрас намоянд; рақами мобилиро барқарор кунанд; тарофаи хизматрасониро […]

Tcell соҳиби ҷоизаи байналмилалии Speedtest Award дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress) 2026 гардид

Ширкати телекоммуникатсионии Tcell дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ 2026, ки дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания баргузор гардид, соҳиби ҷоизаи байналмилалии Speedtest Award аз ҷониби Ookla гардид. Ширкат дар номинатсияҳои «Шабакаи босуръаттарини 4G» ва «Устувортарин шабакаи 4G дар Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Ин аллакай соли дуюм пай дар пай аст, ки оператори мобилии Tcell аз ҷониби […]

Иштироки Сардори Хадамоти алоқа дар мизи мудаввари Конгресси ҷаҳонии мобилӣ

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввари Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки дар доираи Барномаи вазирони Ассотсиатсияи байналмилалии операторони мобилӣ (GSMA) баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба сиёсатҳои фарогири тақсими спектр, ки ба пайваст намудани аҳолии аз шабакаҳои алоқа берунмонда равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. […]