Таҳкими ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) Рӯзи 2 март дар ҳошияи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress) дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Дабири кулли ITU хонум Дорин Богдан-Мартин баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори рақамӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар […]
Category: Навид
Мулоқот бо Сафири Ҷопон Хонум Фурута Кейко баргузор гардид Имрӯз дар бинои Хадамоти алоқа мулоқоти роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонум Фурута Кейко баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои алоқа, хизматрасонии почта, рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи технологияҳои […]
Қабули Нақшаи миллӣ ва Қоидаҳои танзимиспектри радиобасомадҳо
Қабули нақшаи миллӣ ва қоидаҳои танзими спектри радиобасомадҳо 5 феврали соли 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахусти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои иҷозатдиҳии тақсимоти спектри радиобасомадҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, тасдиқ карда шуданд. Нақшаи […]
Имзои созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар бораи “Рушди низоми Почтаи Тоҷикистон”
23 феврали соли 2026 байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сервис и Технология» созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ» ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкур ба рушди инфрасохтори соҳаи почта ва ҷорӣ намудани низоми муосири автоматикунонии раванди […]
Қаллобӣ тавассути зангҳои телефонӣ: чи гуна қаллобонро метавон шинохт?
Қаллобӣ тавассути зангҳои телефонӣ: чи гуна қаллобонро метавон шинохт? Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ тавассути зангҳои телефонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ба маълумоти шумо мерасонад, ки ашхоси номаълум худро корманди бонк, оператори ширкатҳои мобилӣ ё шахси шинос нишон дода, бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла «дар назди бонк қарз […]
ТОҶИКТЕЛЕКОМ – ОПЕРАТОРИ МИЛЛӢ
ТОҶИКТЕЛЕКОМ – ОПЕРАТОРИ МИЛЛӢ Мусоҳиба бо директори генералии ҶСК “TOJIKTELECOM” Абдусатторзода Бахтовар Абдушукур – Лутфан бигӯед, ки соли 2025-ро ширкати зери роҳбарии Шумо бо чӣ дастовардҳо ҷамъбаст намуд? – Соли 2025 барои TOJIKTELECOM, ҳам аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои инфрасохтор ва ҳам ташаббусҳои технологӣ, яке соли дастовардҳои бесобиқа буд. Дар давоми сол ширкат як қатор рӯйдодҳои муҳимро […]
Ба роҳ мондани фаъолияти расмии Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба роҳ мондани фаъолияти расмии Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тамоми расмиёти иҷозатномавӣ, техникӣ ва бақайдгирии давлатии таҷҳизоти интернети моҳворавии Starlink дар ҳудуди кишвар ба анҷом расонида шуда, аз 5 феврали соли 2026 фаъолияти он расман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Бо ин, имконияти истифодаи расмии хизматрасониҳои […]
ХАДАМОТИ АЛОҚА ДАР НИЗОМИ НАВ
ХАДАМОТИ АЛОҚА ДАР НИЗОМИ НАВ Бо фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 январи соли 2025, № 911 солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд. Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси […]
Баррасии ҳамкориҳои рақамӣ барои Душанбе
Баррасии ҳамкориҳои рақамӣ барои Душанбе 29 январи соли 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сардори Хадамот Исфандиёри Саъдулло бо директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод баргузор шуд. Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамии пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир гардида, татбиқи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», ҷойгиркунии муваққатии сутунпояҳои алоқаи мобилӣ ва беҳтарсозии […]
НАШРИ НАХУСТШУМОРАИ МАҶАЛЛАИ «АЛОҚА»
НАШРИ НАХУСТШУМОРАИ МАҶАЛЛАИ «АЛОҚА» Тавре иттилоъ доред, бо таҷдиди низоми сохтории Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маҷаллаи Алоқа” ба фаъолияти хеш оғоз намуд, ки таҳия ва нашри маҷаллаи “Алоқа” яке аз самтҳои умдаи фаъолияти он мебошад. Маҷаллаи “Алоқа” нашрияи расмии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади инъикоси масъалаҳои муҳимми […]